МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ пешгирӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 25.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи аввали зимистони имсола гарм ва бебориш сипарӣ гардида истодааст, аз ин рӯ дар боғҳо гузарондани обмонии захиравӣ, яхобмонӣ ва башаклдарории дарахтон хеле зарур ва саривақтӣ мебошад. Агар хоҷагидорон обмонии захиравӣ ва яхобмониро сари вақт гузаронанд, дарахтон дар зимистон боз карахттар шуда, дертар ба нашъунамо оғоз мекунанд,- чунин баён дошт доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба мухбири АМИТ «Ховар».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобаста ба ин масъала 26 декабри соли 2019 дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба яхобмонӣ сухан карда, иброз намуданд, ки «бояд деҳқонон ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, сари вақт ба заминҳо яхоб монанд. Зеро яхобмонӣ манфиати зиёд дошта, дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ пешгирӣ менамояд».
Ба гуфти Ҳикматулло Назиров, дар натиҷаи яхобмонӣ шӯрии хок кам шуда, замин намиро хубтар мекашад, микроорганизм ва ҳашароти зараррасон нобуд мегарданд. Ба заминҳо соле ду маротиба- моҳҳои декабр ва феврал яхоб мондан аз манфиат холӣ нест.

«Аҳамияти яхобмонӣ аз он иборат аст, ки об дар бехи дарахтон захира шуда, касалиҳои хок ва ҳар гуна ҳашарот нобуд мешаванд. Давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта мешавад. Инчнин он имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард», гуфт ҳамсуҳбати мо.
Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз медорад, ки корҳои дигаре, ки иҷрои онҳо дар фасли зимистон бисёр муҳим аст, ин башаклдарории дарахтони боғҳои навбунёд, буридани навдаҳои дарахтони ҳосилдиҳанда, шудгори байни дарахтон, ба танзим даровардани ҳосилнокии онҳо ва додани нуриҳои органикию маъданӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки меъёри яхобмонӣ аз таркиби хок ва чуқурии обҳои зеризаминӣ вобаста буда, яхобмонӣ шурӯъ аз охири моҳи ноябр то феврал гузаронида мешавад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






