МАСТӢ БА ПАСТӢ МЕБАРАД. Ду нафар сокинони Рашт бинобар одамкушӣ ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд
ДУШАНБЕ, 08.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ду нафар сокинони ноҳияи Рашт Ф. Ғайратов ва Ҷ. Саидов, ки 2 августи соли равон дар ҳолати мастӣ ба одамкушӣ даст заданд, ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Прокуратураи ноҳияи Рашт тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Ғайратов Ф.Ш. ва Саидов Ҷ.Н. бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои «з, к»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (куштани одам аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурўҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ); куштани одам аз ҳиссиёти авбошӣ. — Тавз. АМИТ «Ховар») ба итмом расонида, ба Суди Олӣ пешниҳод намуд», — таъкид шудааст дар хабари Прокуратураи генералӣ.
Тафтиши пешакӣ муайян кард, ки 2 августи соли 2022, соати 22:00 Ф. Ғайратов ва Ҷ. Саидов дар назди чойхонаи «Болои об»-и Ҷамоати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт машруботи спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати сахти мастӣ қарор доштаанд.
Онҳо, бино ба иттилои Прокуратураи генералӣ, шаҳрванд Н. Юлчиевро, ки бо рафиқаш дар наздикии онҳо ба хӯрдани хӯрок ва истеъмоли машруботи спиртӣ машғул буд, дида, ба наздашон даъват мекунанд ва аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро бо дасту пой лату кӯб намуда, ба узвҳои ҳаётан муҳими бадан, сару рӯй ва гарданаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ мерасонанд, ки дар натиҷа охирин дар ҷойи ҳодиса вафот мекунад.
Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 10 ноябри соли 2022 судшавандагон Ф. Ғайратов ва Ҷ. Саидовро гунаҳгор дониста, ба онҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шуд.
АКС аз Прокуратураи генералии ҶТ








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






