Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба давраи зимистон омодагӣ мебинанд
Ш.ШОҲИН, 04.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба давраи зимистон омодагӣ мебинанд. Дар ноҳия ду муассиса фаъолият доранд, ки то имрӯз барои гузаронидани фасли сармо ба қадри 90 фоиз омода гардидаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
90 километр роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Кулма-Қароқурум аз ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мегузарад, ки ин роҳ ҷумҳурии моро бо давлати Чин мепайвандад. Инчунин 46,5 километри ин роҳ дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Яхчипун буда, коргарони ин муассиса барои давраи зимистон омодагӣ мегиранд.
Сардори Муассисаи давлатии назорати роҳҳои мошингарди минтақаи Яхчипун Назаршо Ҳошимов иттилоъ дод, ки “роҳи мазкур аз байни кӯҳҳои баланд мегузарад ва резиши сангу рег, тармафароию дигар омилҳо ба баста шудани он оварда мерасонанд. Аз ин рӯ кормандони муассиса имрӯзҳо тоза кардани ҷӯйборҳои канори роҳ ва бартарафсозии курасангҳоро анҷом медиҳанд. Коргарони ин муассиса 36 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллиро низ ба уҳда доранд, ки пайваста дар онҳо таъмири ҷорӣ мегузаронанд”.
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин боз муассисаи дигаре фаъолият мекунад, ки 49,5 километр роҳи байналмиллалӣ, 41,5 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 137,2 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ дар тавозуни он мебошанд. Кормандони ин муассиса низ ба фасли сармо омодагӣ мегиранд, зеро зимистони ин минтақа сарду сербориш ва тӯлонӣ аст.
Мавриди зикр аст, ки қисмати зиёди роҳи байналмилалии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиду навсозӣ гардида, мушкилоти ронандагону сокинони ин минтақаҳо дар равуо ва кашонидани молу маҳсулот осон шудааст. Ҳамарӯза ба воситаи ин роҳ садҳо мошинҳои пурбор ҳаракат мекунанд ва муассисаҳои нигоҳдории роҳ ҳаракати мунтазами нақлиётро дар ҳама фаслҳои сол таъмин менамоянд.
Таъмини мунтазами ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингарди мамлакат ҳама фаслҳои сол ба уҳдаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард мебошад. Дар ин самт бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола муассисаҳои мазкур бо техникаю таҷҳизоти соҳавӣ таъмин карда шуда, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо барои бемушкилӣ паси сар намудани тирамоҳу зимистон омодагӣ мегиранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






