Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо донишҷӯёни Донишгоҳи ВКД-и Россия оид ба таҳдиду хатарҳои муосир мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи Вазорати корҳои дохилии ба номи В.Я.Кикотяи шаҳри Москваи Федератсияи Россия муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Фаттозода ва сардори донишгоҳи мазкур Игор Калиниченко бо як гурӯҳ курсантону шунавандагони ин боргоҳи илму маърифат вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аббусаттор Фаттозода оид ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму экстремизм, баланд бардоштани савияи дониши шунавандагону курсантон дар муқовимат бо ҷиноятҳои муташаккил, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру воситаҳои психотропӣ ва роҳу усулҳои ошкору пешгирии ҷиноятҳо сухан гуфт.
Мавсуф иброз дошт, ки муҳассилини ин донишгоҳ бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, то аз илмҳои замон, пешрафт ва истифодаи технологияи муосир, ки бо суръати кайҳонӣ тараққӣ намуда истодаанд, ба қадри кофӣ баҳравар бошанд.
«Шумо бо донишу малакаи баланди касбии азбарнамудаи худ метавонед дар муқовимат бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа амну субот ва бехатарии давлату миллатамонро ҳифз намоед»-гуфт ӯ.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва саъю кӯшишҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз дар донишгоҳи мазкур 29 шунаванда аз ҳисоби кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз хатми мактаби миёна, ки дар курсҳои аз 1 то 5 таҳсил менамоянд, инчунин 9 нафар кормандони амалкунандаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаи илмӣ ва илмӣ-педогогӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Акс: ВКД ҶТ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






