«ОБ ҲАЁТ АСТ, ПИРЯХҲО САРЧАШМАИ ОБ». Бахшида ба эълони Соли ҳифзи пиряхҳо дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мояи ифтихору сарфарозист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастрасии сокинони сайёра ба оби тоза ҳамеша талош намуда, бо пешниҳодҳои сатҳи байналмилалии хеш Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ чун меҳвари ташаббусҳои созандаю оламгир муаррифӣ менамоянд. Ин матлаб 21 декабр дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур зимни ҳамоиши ҷавонон бахшида ба эълон гардидани соли 2025 — «Соли ҳифзи пиряхҳо» таҳти унвони «Об ҳаёт аст, пиряхҳо сарчашмаи об» баён гардид.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша бо табиати пурасрору нотакрори худ таваҷҷуҳи ҳазорон олимону сайёҳони дохил ва хориҷи мамлакатро ҷалб менамояд. Зеро ҳавои мусаффо, обҳои зулолу шифобахш, хоки зархез, меваҳои шаҳдбору гулҳои дилкаш ва кӯҳҳои сарбафалаки мамлакатамон воқеан ҳам биҳишти рӯи замин мебошанд.
Гузашта аз ин, Тоҷикистон макони захираи оби тоза буда, бештар аз 56% обҳои Осиёи Марказӣ аз қаторкӯҳҳои он сарчашма мегиранд. Ҷумҳурии мо аз ҷиҳати захираҳои об дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал ва дар ҷаҳон дар шумори давлатҳои даҳгонаи аз ҷиҳати захираҳои обӣ бой дар ҷои шашум қарор дорад. Дар ҳудуди Тоҷикистон қисмати азими захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгиранд, ки ин захираҳо аз ҳисоби обшавии яху барф ва бориш шакл мегиранд.


Масъалаи ҳифзи табиати фарогир, норасоии об дар сайёра, истифодаи барзиёди ин неъмати бебаҳо ва мушкилоти дигари марбут ба об яке аз масоили ҷиддиву ҳалталаби ҷомеаи башарӣ мебошанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи аграрӣ хабар доданд, ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуда, дар он муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода, муовини Ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Исломиддин Икромов, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон иштирок доштанд.
АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






