ОБУ ҲАВО. 22-23 декабр дар ноҳияҳои водигӣ-доманакӯҳи Тоҷикистон фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 22.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 23 декабр дар бештари ноҳияҳои водигӣ-доманакӯҳи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар ағбаҳо фаромадани тормеғ (дар ноҳияҳои алоҳида дурии биниш камтар аз 50 то 100 метр) пешгӯӣ мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 22-27 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои адоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (дурии биниш камтар аз 50 метр) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (дурии биниш камтар аз 50 метр) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои адоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона бориши сусти борон ба амал меояд. Рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ (дурии биниш камтар аз 100 метр) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






