ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон бориши сусти борон ва барф ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 21.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ бориши сусти борон ва барф ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғи шадид мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок шуда, рӯзона бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






