ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 11 дараҷа гарм мешавад

Декабрь 3, 2022 08:31

ДУШАНБЕ, 03.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво рӯзона то 11 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво  қисман абрнок шуда, дар водиҳо асосан бебориш мешавад.  Шабона ва рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо барф борида, рӯзона асосан бебориш аст. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  0-5 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук,  рӯзона 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок шуда, шабона ва саҳаргоҳон бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук,  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст. Шабона дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои  қисман абрноки бебориш дар назар буда, танҳо шабона борон бо гузариш ба барфи тар ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 3, 2022 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид