ОЛИМПИАДАИ V БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРАСОН. Хонандаи синфи 9-и шаҳри Душанбе Қодиров Муҳаммадҷон ҷойи сеюмро сазовор гашт

Декабрь 31, 2022 10:53

ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 9-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Муҳаммадҷон Қодиров дар Олимпиадаи V байналмилалии наврасон, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 11 то 14 декабр баргузор шуд, сазовори ҷойи 3-юм гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Аюбов хабар дод.

Олимпиадаи байналмилалӣ байни наврасон аз фанҳои математика, физика, химияи барои хонандагони синни то 16-сола баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Дар олимпиада  ҳайатҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Узбекситон, Қазоқистон, Қирғизистон,  Гурҷистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд. Роҳбарони ҳайатҳо барои ҳамкории минбаъда мубодилаи афкор намуда, ташкил ва баргузории олимпиадаро муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 31, 2022 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд