ОЛИМПИАДАИ V БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРАСОН. Хонандаи синфи 9-и шаҳри Душанбе Қодиров Муҳаммадҷон ҷойи сеюмро сазовор гашт
ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 9-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Муҳаммадҷон Қодиров дар Олимпиадаи V байналмилалии наврасон, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 11 то 14 декабр баргузор шуд, сазовори ҷойи 3-юм гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Аюбов хабар дод.
Олимпиадаи байналмилалӣ байни наврасон аз фанҳои математика, физика, химияи барои хонандагони синни то 16-сола баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Дар олимпиада ҳайатҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Узбекситон, Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд. Роҳбарони ҳайатҳо барои ҳамкории минбаъда мубодилаи афкор намуда, ташкил ва баргузории олимпиадаро муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
Доир ба Конвенсияи Ромсар ва аҳамияти байналмилалии он нишасти илмӣ баргузор гардид
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад
«OIBO-2026». Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд
Олимпиада барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид






