«ОМӮЗГОРИ СОЛ-2022». Фарангез Оддиева ғолиби даври шаҳрии озмун гардид
ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори фанни забони англисии Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фарангез Оддиева дар даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2022» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Озмуни мазкур бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 то 17 декабр баргузор гардида, дар он ғолибони даври ноҳиявӣ- омӯзгори фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Сафиуллоҳ Ҷунайдов, омӯзгори фанни физикаи МТМУ №55-и ноҳияи Шоҳмансур Абдусалом Назаров, омӯзгори фанни забони англисии Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фарангез Оддиева ва омӯзгори фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсӣ Самандар Одинаев иштирок намуданд.
Тибқи тартиб, 14-15 декабри соли 2022 довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон ва соати тарбиявӣ доир намуданд.
Ғолиби даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2022» дар маросим бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






