ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои минтақаи Рашт ба мавсими сармо пурра тайёранд
РАШТ, 08.12.2022 /АМИТ«Ховар»/. Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт дар 8 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияҳои водии Рашт ва минтақаҳои Ҳоиту Лахш 4020 м3 маводи зиддилағжиш, 22 тонна ангишт, 38 м3 ҳезум ва 25 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ захира намудааст. Дар ин бора сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт Оимнисо Таваккалова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.
Захиракунии маводу сӯзишворӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023» ба роҳ монда шудааст.
Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди минтақаи Рашт дар тавозуни худ 941,6 км роҳро ба уҳда дорад, ки аз он 299,1 км роҳи байналмилалӣ, 174,64 км роҳи ҷумҳуриявӣ ва 467,88 км роҳи маҳаллӣ мебошанд.
Соли равон барои ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияҳои водии Рашт 400 км роҳҳо таъмири асосӣ ва ҷорӣ гардида, 5 адад пул таъмир ва барқарор шуданд. Дар роҳҳои байналмилалӣ зиёда аз 13 адад қубур барқарор карда шуд.
Инчунин барои зимистонгузаронӣ 46 адад техника ва механизмҳо мавриди омодабош қарор доранд. Аз ин шумора 4 адад техникаи роҳдорӣ ба таври доимӣ ба ағбаҳои Қарамиқи ноҳияи Лахш ва Сичароғ-Алигалабони ноҳияи Нуробод вобаста карда шудаанд.
Ҷиҳати истифодаи мақсадноки техника ва механизмҳои роҳсозӣ ва беҳдошти ҳолати роҳҳои мошингарди маҳаллии истифодаи умум дар ҳамаи фаслҳои сол аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои минтақаи Рашт соли равон зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияҳо маблағгузорӣ шудааст.
Дар шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ва Лаби ҷар-Сангвор-Дарвоз мавзеъҳои хавфноки бисёре мавҷуданд, ки дар онҳо ҳангоми барфу борон сангу ярч фаромада, ҳаракати нақлиёт манъ мегардад. Дар фасли баҳор, тирамоҳу зимистон роҳи Лаби ҷар-Сангвор-Дарвоз мушкилгузар буда, дар он хатари лағжиши тарма ва омадани селу резиши сангпораҳо бештар дида мешавад.
Кормандони муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияҳои минтақаи Рашт аз 30 ноябри соли 2022 то ба имрӯз зиёда аз 13 ҳолати офатҳои табииро дар дар мавзеъҳои хавфноки роҳҳои ин минтақа бартараф кардаанд. Соли равон ҷиҳати сари вақт бартараф кардани офатҳои табиӣ дар роҳҳои байналмилалии минтақаи Рашт 132 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст.
АКС: Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт








Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих






