ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои минтақаи Рашт ба мавсими сармо пурра тайёранд

Декабрь 8, 2022 14:06

РАШТ, 08.12.2022 /АМИТ«Ховар»/. Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт дар 8 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияҳои водии Рашт ва минтақаҳои Ҳоиту Лахш 4020 м3 маводи зиддилағжиш, 22 тонна ангишт, 38 м3 ҳезум ва 25 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ захира намудааст. Дар ин бора сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт Оимнисо Таваккалова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Захиракунии маводу сӯзишворӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023» ба роҳ монда шудааст.

Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди минтақаи Рашт дар тавозуни худ 941,6 км роҳро ба уҳда дорад, ки аз он 299,1 км роҳи байналмилалӣ, 174,64 км роҳи ҷумҳуриявӣ ва 467,88 км роҳи маҳаллӣ мебошанд.

Соли равон барои ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияҳои водии Рашт 400 км роҳҳо таъмири асосӣ ва ҷорӣ гардида, 5 адад пул таъмир ва барқарор шуданд. Дар роҳҳои байналмилалӣ зиёда аз 13 адад қубур барқарор карда шуд.

Инчунин барои зимистонгузаронӣ 46 адад техника ва механизмҳо мавриди омодабош қарор доранд. Аз ин шумора 4 адад техникаи роҳдорӣ ба таври доимӣ ба ағбаҳои Қарамиқи ноҳияи Лахш ва Сичароғ-Алигалабони ноҳияи Нуробод вобаста карда шудаанд.

Ҷиҳати истифодаи мақсадноки техника ва механизмҳои роҳсозӣ ва беҳдошти ҳолати роҳҳои мошингарди маҳаллии истифодаи умум дар ҳамаи фаслҳои сол аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои минтақаи Рашт соли равон зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияҳо маблағгузорӣ шудааст.

Дар шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ва Лаби ҷар-Сангвор-Дарвоз мавзеъҳои хавфноки бисёре мавҷуданд, ки дар онҳо ҳангоми барфу борон сангу ярч фаромада, ҳаракати нақлиёт манъ мегардад. Дар фасли баҳор, тирамоҳу зимистон роҳи Лаби ҷар-Сангвор-Дарвоз мушкилгузар буда, дар он хатари лағжиши тарма ва омадани селу резиши сангпораҳо бештар дида мешавад.

Кормандони муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияҳои минтақаи Рашт аз 30 ноябри соли 2022 то ба имрӯз зиёда аз 13 ҳолати офатҳои табииро дар дар мавзеъҳои хавфноки роҳҳои ин минтақа бартараф кардаанд. Соли равон ҷиҳати сари вақт бартараф кардани офатҳои табиӣ дар роҳҳои байналмилалии минтақаи Рашт 132 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст.

АКС: Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт

Декабрь 8, 2022 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид