ҶОНИ ХУДУ ДИГАРОНРО НАҶОТ ДЕҲ! Амалиёти махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ҳудуди Тоҷикистон идома дорад
ДУШАНБЕ, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурўъ аз 14 декабри соли равон дар қаламрави мамлакат амалиёти воситаҳои нақлиёти «Махсус» ҷараён дорад, ки он то ба эътидол омадани вазъият идома меёбад. Мақсад аз гузаронидани амалиёти мазкур ин пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва таъмин намудани ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёти «Махсус», яъне мошинҳои Ёрии таъҷилӣ, Сўхторхомушкунӣ ва Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳангоми амали намудани вазифаҳои таъҷилию хизматӣ мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Саидмумин Ҳасанзода хабар дод.
Саидмумин Ҳасанзода иттилоъ дод, ки тибқи талаботи боби 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаст, ҷиҳати иҷрои супоришҳои таъҷилӣ — хизматӣ ҳангоми фурўзон будани чароғакҳои шӯълавар ва сигналҳои махсуси овозӣ ба воситаҳои нақлиёти «Махсус», яъне мошинҳои Ёрии таъҷилӣ, Сӯхторхомушкунӣ ва Бозрасии давлатии автомобилӣ афзалият дода мешавад.
«Мутаассифона, ин талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони баъзеи воситаҳои нақлиёт на ҳама вақт риоя карда мешавад. Барои чунин кирдорҳо тибқи моддаи 318-и «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар давоми ду рӯзи гузаронидани амалиёт мазкур аз тарафи кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ нисбат ба 26 нфар ронандагони восиатҳои нақлиёт Протоколҳои маъмурӣ бо моддаи 318-и «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбиб дода шудааст», — тазаккур дод ў.
Саидмумин Ҳасанзода таъкид намуд, ки ҳар як ронанда ё худ шаҳрванд бояд огоҳ бошад, ки «роҳ додани ба нақлиёти Ёри таъҷилӣ ин сарвақт наҷот додани беморе аз марг аст. Роҳ додан ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти махсуси оташнишонӣ ин аз коми оташ наҷот додани ҷону мол ва манзилҳои зисти хешу пайвандон ва иншоотҳои зисти ҷамъиятӣ мебошад. Дар мавриди дигар воситаҳои нақлиёти махсус низ ҳамин муҳимиятро метавон арзёбӣ кард. Мусоидат кардан ба нақлиёти махсуси хизматӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин мусоидат намудан ба пешрафти фаъолияти мақомот ва саривақт таъмини волояти Қонун мебошад».
Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт бо қатъият талаб менамояд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.
Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА
АМИТ «Ховар»,
АКС аз манбаъҳои боз










АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






