ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Левакант корхонаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи хушзот» бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 23.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант корхонаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи хушзот» оид ба истеҳсоли гӯшти мурғ бунёд мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Зикр шуд, ки Раиси вилояти Хатлон 21 декабр зимни сафари корӣ аз ҷараёни сохтмони корхонаи мазкур дидан намуд.
Сохтмони фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи хушзот» имсол оғоз гардида, аз сехҳои мурғи марҷонпарварӣ, мурғпарварӣ ва истеҳсоли гӯшти мурғ иборат мебошад. Роҳбарияти корхонаи мазкур иқдом гирифтааст, ки сохтмонро рӯзҳои наздик анҷом дода, саршумори мурғро ба 45 ҳазор сар ва истеҳсоли гӯшти парҳезиро дар як сол то ба 135 тонна расонад.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонии гармхонаи инноватсионии доимамалкунанда, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саймумин Давлатов дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида истодааст, шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла бетонрезӣ дар майдони як гектар оғоз гардидаанд. Дар назар аст, ки моҳи марти соли 2023 марҳилаи якуми гармхонаҳои мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, зироату маҳсулоти полезӣ, асосан помидору бодиринги барвақтӣ ва картошка кишт ва ба бозорҳои вилоят бароварда шаванд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани гармхонаи доимамалкунанда 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати дастгирӣ ва ҷалб намудани соҳибкорон ба корҳои созандагию ободонӣ дастуру супоришҳо дод.
АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






