Паёми Пешвои миллат дар назди маъданҷӯёни Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошт

Декабрь 23, 2022 12:50

ДУШАНБЕ, 23.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки онро тамоми шаҳрвандони мамлакат- кормандони касбу кори гуногун сарҷамъона тамошо карданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имрӯз тамоми кормандони Саридораи геология пахши мустақими ҷараёни ироаи Паёми Пешвои миллатро тамошо ва аз он хулосаҳои мушаххас бардоштанд.

Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ ба масъулини соҳа супориш доданд, ки бояд ба масъалаи истихроҷ ва коркарди металлҳои қиматбаҳои ҷумҳурӣ, бавижа азхудкунӣ ва то ба маҳсулоти ниҳоӣ расонидани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Дар ин радиф махсусан сурма яке аз маҳсулоти асосӣ мебошад.


Ба таъкиди Пешвои миллат, Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи сурма дар дунё дар ҷои аввал қарор дорад. Ва имрӯз моро зарур аст, ки азхудкунӣ ва то ба маҳсулоти ниҳоӣ расонидани сурмаро ба вазифаи асосии худ табдил диҳем.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас мегузоранд.

АКС: Саридораи геология

Декабрь 23, 2022 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд