Президенти Тоҷикистон ба Хадамоти алоқа дастур доданд, ки сифати алоқаи мобиливу интернетро беҳтар намояд ва арзиши онҳоро коҳиш диҳад
ДУШАНБЕ, 23.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба Хадамоти алоқа дастур доданд, ки сифати алоқаи мобиливу интернетро беҳтар намояд ва арзиши онҳоро коҳиш диҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Сайёҳон асосан ба куҷо мераванд? – суол карданд Пешвои миллат. – Ба он ҷое, ки интернети хуб дорад».
Дар робита ба ин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар якҷоягӣ бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ширкатҳои алоқаи мобилӣ, то ба имрӯз дар кишвар бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014 (ID корт) зиёда аз 6,1 миллион симкорт ба қайд гирифта шудааст, ки 4,5 миллиони онҳо интернет истифода мебаранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






