РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ҳайати сатҳи баланди Ҷопон барои иштирок дар Конфронси оби СММ-2023 даъват шуд

Декабрь 8, 2022 15:44

ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр мулоқоти муштараки сафирони Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов ва Питер ван дер Влист бо муовини парлумонии Вазири замин, зерсохтор, нақлиёт ва сайёҳии кишвари иқомат Фурукава Ясушӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкории Тоҷикистон ва Нидерланд дар доираи баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк ва инчунин таъмини иштироки ҳайати сатҳи баланди ҷониби ҷопонӣ дар чорабинии мазкур ибрози назар карданд.

Сафири Тоҷикистон Мирзошариф Ҷалолов ҳамчунин оид ба масъалаи об дар минтақа ва ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо дар соҳаи об, пешгирии зуҳуроти тағйирёбии иқлим ва наҷоти пиряхҳо маълумот дода, ҳамбастагии байналмилалиро ҷиҳати ҳалли мушкилоти марбут ба об амри зарурӣ номид.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид.

Конфронси оби СММ баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад. Конфронс таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерланд доир мегардад.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 8, 2022 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гроднои Беларус мероси фарҳангии халқи тоҷик муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ дар Женева иштирок дорад
Дар Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид
Фаррух Ҳамрализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нико Схермерс мулоқот намуд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти «Маркази тиҷоратии ҷаҳонӣ»-и иёлати Ютаҳи ИМА вохӯрӣ намуд