РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Женева вохӯрии 17-уми Гурӯҳи дӯстони об ва сулҳ баргузор шуд

Декабрь 1, 2022 11:15

ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар маркази матбуотии Женева вохӯрии 17-уми Гурӯҳи дӯстони об ва сулҳ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ дар Женева хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Словения ва созмони «Geneva Water Hub» ташкил карда шуда, меҳвари он ба баррасии масъалаҳои обу сулҳ ва робитаи онҳо бо Конфронси бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» равона шуда буд.

Зимни ҳамоиш Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар шаҳри Женева Ҷамшед Ҳомидов ва Роҳбари раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд хонум Китти ван дер Ҳейҷден ба ҳайси мизбонони Конфронси СММ оид ба об, ки соли 2023 дар ш. Ню-Йорк доир мегардад, суханрониҳои ифтитоҳӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Ҷамшед Ҳомидов аҳаммияти масъалаи обро дар партави тағйирёбии иқлим таъкид карда, ширкаткунандагон ва намояндагони кишварҳои узвро ба густариши талошҳо дар ҳалли мушкилоти об даъват намуд. Ҳамзамон муҳим будани Даҳсолаи амал ва суръат бахшидан ба амалиёти ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об аз ҷониби кишварҳо ва ҷонибҳои манфиатдор зикр гардид.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид.

Конфронси оби СММ баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ дар Женева

Декабрь 1, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид