РОБОТ-СОХТМОНЧӢ. Донишгоҳи «Иннополис» онро дар ҳудуди Тоҷикистон ва 7 кишвари дигар соҳиби патент намуд

Декабрь 20, 2022 12:15

ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи «Иннополис» роботи кабелии сохтмончиро дар ҳудуди ҳашт кишвар соҳиби патент намуд. Сохти ин робот барои интиқол осон ва он нисбат ба дигар принтерҳои сохтмонии 3D сабуктар аст, иттилоъ доданд ба ТАСС дар хадамоти матбуоти донишгоҳ.

Зикр карда мешавад, ки махсусияти роботи таҳияшуда- системаи кабелӣ мебошад. «Онро махсус барои майдони муайяни бино танзим кардан шарт нест, танҳо бурҷҳоро бо ғарғараи борбардорие, ки дар он  ноқилҳо ҷойгир карда шудаанд, бояд дар масофаи дилхоҳ гузошт,  омехтаи сохтмониро ба зарф рехта, бузургиҳоро интихоб кард ва раванди чопи 3D-ро бо асбоб  бояд оғоз намуд»,-шарҳ доданд дар хадамоти матбуотӣ.

Дар хадамоти матуботӣ иброз намуданд, ки сохтори робот ҳангоми аз як ҷо ба ҷои дигар бурдан хеле роҳат буда, нисбат ба дигар намуди принтерҳои сохтмонии 3D сабуктар ва барои истифода камхарҷтар мебошад. «Идораи патентии Авруосиё таҳияи Донишгоҳи «Иннополис»-ро  патенти беҳтарин ноябр эътироф намуд», — гуфтанд дар хадамоти матбуотӣ.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: хадамоти матбуоти Донишгоҳи «Иннополис»

Декабрь 20, 2022 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд