Россия барои бунёди мактабҳои русизабон дар Тоҷикистон то 5,74 миллиард рубл ҷудо мекунад
ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Россия Михаил Мишустин амре ба имзо расонид, ки мувофиқи он Вазорати молияи ФР муваззаф шудааст, ки соли равон барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳои русизабон дар Тоҷикистон то 5,74 миллиард рубл ҷудо кунад. Ҳуҷҷати дахлдор рӯзи панҷшанбе дар сомонаи расмии интернетии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Мувофиқи амр, сухан дар бораи мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода меравад. Маблағҳо ҳамчун хайрия аз Федератсияи Россия ба Хазинаи авруосиёии субот ва рушд ворид карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тавофуқ дар бораи таъсиси муассисаҳои таълимӣ бо забони русӣ дар Тоҷикистон пас аз музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Россия Владимир Путин дар ҷараёни сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Россия 17 апрели соли 2019 ҳосил шуда буд.
1 сентябри соли 2022 маросими ифтитоҳи ин мактабҳо бо иштироки сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин тавассути алоқаи видеоӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои шахсони масъули Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар айни замон дар кишвар 48 мактаб бо забони русӣ мавҷуданд, ки дар онҳо 27 ҳазору 63 хонандагон таҳсил мекунанд. Ин мактабҳо дар Душанбе, минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.
Дар суханронии худ зимни ифтитоҳи мактабҳо Президенти Тоҷикистон зикр карданд, ки «имрӯзҳо дар кишвари мо 39 мактаб бо забони русӣ мавҷуданд, ки дар онҳо тақрибан 27 ҳазор хонандагон таҳсил мекунанд. Зиёда аз 160 мактабҳои омехтаи тоҷикиву русӣ низ бо фарогирии тақрибан ҳафтод ҳазор хонандагон фаъолият мекунанд. Дар баробари ин, тибқи стандартҳои давлатӣ, таълими забони русӣ унсури ҳатмии барномаҳои таълимӣ мебошад ва аз синфи дуюм оғоз ёфта, онро дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумӣ — тақрибан чор ҳазор мактаби кишвар меомӯзанд».
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






