САЪБА — ПАРАНДАИ СОЛИ 2023 ДАР ТОҶИКИСТОН. Он аз мурғони хушхон ва писандидаи дӯстдорони табиат мебошад
ДУШАНБЕ, 25.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Саъба парандаи соли 2023 дар Тоҷикистон эълон гардид. Ҳамоишҳои экологӣ — тавзеҳотӣ ва иқдоми ҳифзи табиат, ки тамоми сол баргузор хоҳанд шуд, ба ин паранда бахшида мешаванд. Ин матлабро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Мавсуф зикр намуд, ки 1 декабр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 50 нафар дӯстдорони табиат озмуни «Парандаи соли 2023» доир шуд. Ба он 8 намуд парандагони нодиру аҷиби Тоҷикистон, ба мисли мусича, саъба, дурроҷи сиёҳ, бедона, кабӯтари ҷангалӣ, чарғи думдароз ва доснул пешниҳод гардиданд. Бо дастгирии олимону мутахассисон ва парандашиносон саъба «Парандаи соли 2023» интихоб гардид.
Абдусаттор Саидов иброз намд, ки ҳарчанд саъба ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил нагардидааст, аммо парандаи муқими нодирест, ки бештари инсонҳо барои зебогиаш шикор намуда, дар қафас нигоҳ медоранд. Ин амали инсонҳо метавонад минбаъд сабаби кам гардидани ин парандаи хушхон дар Тоҷикистон гардад.
Саъба парандаи зебои афсонавӣ ва миёни мардум машҳур буда, яке аз мурғони хушхон ва писандидаи дӯстдорони табиат мебошад. Саъба бо тарзи ҳаёти муътадил ва аҷиби худ дар табиат аз дигар парандагон фарқ мекунад. Тарзи лонагузорӣ ва тарбияи чўҷаҳо барои саъба хеле муҳим мебошад. Он соле то се-чаҳор чўҷа бароварда, ба онҳо зуд тарзи парвозу шикорро меомӯзад.
Саъбаҳо озодагиро дӯст дошта, ҳар сол лонаи худро аз нав таъмир мекунанд ва тухм мегузоранд. Лонаи ин парандаи аҷиб хеле нозукона аз лой, гилу ришта ва хас сохта мешавад ва онҳо ба инсон наздик буда, бештар дар ҷангал ва боғот лона мегузоранд. Саъба парандаи бисёр хушхон буда, ҳар гуна овозҳоро такрор мекунад ва чӯҷаҳояшро хеле дӯст медорад. Айёми ғизодиҳии чӯҷаҳо рўзе то 200 маротиба ба лонааш парвоз мекунад. Саъба то 100 грамм вазн дошта, дар дигар мамлакатҳо, билхоса дар Африқо, Чин ва Ҳиндустон низ хеле зиёд паҳн шудааст.
Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш сурх, болу думаш сиёҳ. Дар миёнаи болаш холи зард ва дар интиҳои болу думаш холи сафед дорад; тахтапушт ва китфаш хокистарранги сурхчатоб ва шикамаш сафед аст.
Дар Тоҷикистон саъба дар нишебиҳои кӯҳҳо, дар ҷойҳое, ки дарахту буттаҳо зич месабзанд (аз 1000-1100 то 2800- 3000 метр аз сатҳи баҳр; ба ғайр аз мавзеъҳои пасту баландкӯҳҳо ва Помир) дида мешавад.
Саъба парандаи манфиатовар аст. Вай тухми алафҳои бегона ва ҳашароти зараррасонро нест мекунад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






