Сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Россия идома дорад

Декабрь 5, 2022 13:20

ДУШАНБЕ, 05.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 4 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуданд. Дар идомаи сафар шоми 4 декабр Рустами Эмомалӣ ҳамроҳ бо роҳбарони ҳайатҳои парламентии иштирокдорони чорабиниҳои АП СААД аз маркази фарҳангию маърифатии «Заряде»-и шаҳри Москва боздид ба амал оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни боздид онҳоро Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ҳамроҳӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки Маҷмааи нодири табииву фароғатии «Заряде» дар маркази таърихии шаҳри Москва, дар шафати Қасри Кремл дар майдони 13 гектар аз рӯи консепсияи манзаравию меъмории гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ бунёд ёфта, соли 2017 дар ҳошияи таҷлили 870–солагии Москва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Дар ин мавзеи хушманзара шумораи зиёди майдончаҳои сабзпӯш, ки чор минтақаи махсуси табиии Федератсияи Россияро муаррифӣ мекунанд, ҷойгир шудаанд. Бо мақсади истироҳату фароғати сокинон ва сайёҳону меҳмонон дар болои дарёи Москва иншооти «пули муаллақ»-майдони тамошо сохта шудааст.
Ҳамчунин дар ҳудуди маҷмаа толори бузурги консертӣ барои 1900 нафар тамошобинон, намоишгоҳҳову аттраксионҳои интерактивӣ, маркази «Ғори яхин», осорхонаи интерактивии зеризаминӣ ва дигар иншооти илмию фарҳангӣ фаъолият менамоянд.


АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 5, 2022 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид