Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хостори имзои санади ҳамкорӣ миёни китобхонаҳои ду кишвар шуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи мазкур.
Ба меҳмон аз таърихи китобу китобдории миллат, бунёди Китобхонаи миллӣ, барномаҳои давлатии рушди китобу китобдорӣ дар Тоҷикистон, таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва бахусус Пешвои миллат ба тавсеаи соҳа, таҳкими робитаҳои хориҷӣ, имзои якчанд санаду созишномаҳои ҳамкорӣ миёни мамлакатҳои мухталиф, ба роҳ мондани конференсияҳои дохиливу байналмилалӣ дар дохили китобхона, ҷараёни баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва фаъолияти гӯшаҳои китоби кишварҳои ҷаҳон маълумот дода шуд.
Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода зимни баршумурдани гӯшаҳои китоби мамолики хориҷӣ иброз дошт, ки ҳоло дар Китобхонаи миллӣ 22 гӯшаи китоби кишварҳои хориҷӣ амал мекунад, ки миёни онҳо гӯшаи китоби Арабистони Саудӣ низ мавҷуд аст.
Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон бо изҳори ташаккур аз пазироии гарму истиқболи роҳбарияти Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки «ростӣ, диққати маро ду чиз, яке бинои муҳташами Китобхонаи миллӣ ва дигар ба роҳ мондани чунин озмуне бо номи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба худ ҷалб намуд. Воқеан, Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат бунёд ёфта, фазои басо гуворои маърифату донишро дар худ ғунҷондааст. Ва чун шумо аз озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ёдовар шудед, ростӣ чунин пешниҳоду ба роҳ мондани озмун барои бештар мутолиа намудани насли имрӯзи ҷомеа зарур ва ба манфиати ҳар мамлакат мебошад. Барои густариши минбаъдаи равобит месазад санади ҳамкорӣ миёни китобхонаҳои ду мамлакат тартиб дода шавад».
Меҳмонон аз мусаввараи таърихӣ, Осорхонаи китоб ва толори намоиши китоб, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷой гирифтаанд, дидан намуданд. Таваҷҷуҳи Сафирро бештар Осорхонаи китоб, ки он ҷо китобҳои қадимӣ ҷой доранд, бахусус китоби Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва дастнавиштаҳо аз осори Ҳаким Умари Хайём ҷалб намуд. Ҳамзамон Сафир ба хатҳои қадимӣ, аз қабили хатти авастоӣ ва паҳлавӣ таваҷҷуҳи хосса намуд. Ҳамчунин меҳмонон аз шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дидан намуданд.
Ҳамзамон Сафири Арабистони Саудӣ ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуда, соҳиби корти ифтихории китобхона гардид.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон










Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






