Сафири Тоҷикистон ба Президенти Индонезия эътимоднома супорид

Декабрь 2, 2022 09:24

ДУШАНБЕ, 02.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия бо қароргоҳ дар Малайзия Ардашер Қодирӣ 1 декабр ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо эътимодномаҳои худро супорид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафир салому паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия расонида, таъкид намуд, ки Тоҷикистон омода аст ҷиҳати таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Индонезия иқдом роҳандозӣ намояд.

Бояд такъкид намуд, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия 27 августи соли 1994 барқарор шудаанд.

Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари дӯст дар асоси Созишномаи тиҷоратӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ амалӣ мегарданд.

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф имзо гардида, танзими он дар барномаҳои гуногуни таълимию омӯзишӣ амалӣ мегардад. Аз ҷумла, дар чаҳорчӯбаи барномаи Дармасисваи Ҷумҳурии Индонезия (барномаи омӯзишии бурсиявӣ барои хориҷиён) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши фарҳанг ва забони индонезӣ дар он кишвар таҳсил мекунанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 2, 2022 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа