Сарвари давлат қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ-ро доир ба ташаббуси панҷуми Тоҷикистон иқдоми муҳим ва таърихӣ хонданд

Декабрь 23, 2022 16:39

ДУШАНБЕ, 23.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об бо қабули қатъномаи махсуси худ якдилона тасдиқ намуд, ки қабули он дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад. Ин нуктаро Сарвари давлат имрӯз зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Парлумони Тоҷикистон иброз  намуданд.

Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки 14 декабри соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва эълони санаи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буданд, якдилона қарор қабул намуд. Ин мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

Таъкид гардид, ки мувофиқи ин қатънома, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

«Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад. Бо истифода аз фурсат, ба тамоми кишварҳо, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ барои дастгирии ин ташаббуси Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор менамоям»,- таъкид доштанд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охир бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати қабули ин қарори муҳиму таърихии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид самимона табрик намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 23, 2022 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд