Ширкати «IRS» дар номинаи «Лоиҳаи сол»-и озмуни ИДМ ғолиб гардид
ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Анҷумани V роҳдорони ИДМ ва баргузории Озмуни байналмилалии «Роҳҳои автомобилгарди ИДМ — 2022» бо истинод ба таҳлили амиқу доманадори мутахассисони варзидаи соҳаи роҳу нақлиёт ва масъулони Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинаи «Лоиҳаи сол» ғолибият ба даст овард. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ғайр аз ин Директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Сафаров бо Сипосномаи Шӯрои ҳамоҳангсозони соҳаи роҳу нақлиёти ИДМ сарфароз гардид. Мутахассисони «IRS» низ аз ҷониби Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ қадрдонӣ шуданд.
Дастоварди мазкур идомаи мантиқии комёбиҳои қаблӣ маҳсуб мешавад. Муҳимтар аз ҳама, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидан дастоварди қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш буда, далели бебаҳси он аст, ки «IRS» рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро карда истодааст.
Ёдовар мешавем, ки Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати байналмилалие мебошад, ки дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ аз аввалинҳо шуда, бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ, бо мақсади рушди устувор ва такмили инфрасохтори роҳ ва бо такя ба ҳайати кормандони соҳибтахассусу пуртаҷрибаи худ механизми толлингӣ ҷорӣ намуд.
АКС аз IRS









Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






