Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Лодзи Лаҳистон дар ҳошияи иҷлосияи 29-уми Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) 1 декабр мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барпо гардид, ки дар он Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин аз таъсири тағйирёбии иқлим ба дастрасӣ ба об ва аҳаммияти ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдрас шуд.
Зимни ҷаласа иштирокчиён якчанд масъалаҳо, аз ҷумла рушди муносибатҳои ҳамаҷониба миёни Аврупо ва Осиёи Марказӣ, масъалаҳои обу иқлим, рушди иқтисод, маориф, муҳити зист ва мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои умумиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.
Қобили зикр аст, ки бори аввал соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод карда буданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Гроднои Беларус мероси фарҳангии халқи тоҷик муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ дар Женева иштирок дорад
Дар Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид
Фаррух Ҳамрализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нико Схермерс мулоқот намуд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти «Маркази тиҷоратии ҷаҳонӣ»-и иёлати Ютаҳи ИМА вохӯрӣ намуд






