Соли 2023 миёни Тоҷикистон ва Чин хати ҳавоӣ ифтитоҳ меёбад
ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 Лоиҳаи кушодани хати ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин пурра ба анҷом мерасад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия».
16 декабр оид ба ҳолати кунунии Лоиҳаи кушодани хати ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Чин бо иштироки муовинони Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва намояндагони ҳайати Чин ба таври маҷозӣ ҳамоиш сурат гирифт.
Дар ҳамоиш масъалаҳои техникӣ ва насби таҷҳизоти авиатсионӣ баррасӣ ва корҳои анҷомдодаи ҳарду ҷониб рӯнамоӣ гардид.
Зикр шуд, ки дар айни замон насби таҷҳизоти аэронавигатсионӣ идома ёфта, барои хати лоиҳаи мазкур системаи ADS-B то охири соли 2022 муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Ҳангоми парвози ҳавопаймо дар баландии 11000 метр мавҷҳои таҷҳизот минтақаи парвозӣ ва ҳатто 65 км берун аз хати сарҳади давлатӣ фазои Ҷумҳурии Мардумии Чинро низ идора хоҳанд кард.
Инчунин дар ин давра бояд таҷҳизоти нави DME/DME, системаи назоратии MLAT, таҷҳизоти бурдани алоқаи барқии авиатсионӣ ва якчанд системаҳои ҳозиразамон насб карда шаванд. Ин таҷҳизот хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро дар ин минтақа пурра таъмин менамоянд.
АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»










Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






