Соли 2023 Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 МВт ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 23.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти барқ дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва афзоиш додани содироти он ба деҳоти наздисарҳадии давлати ҳамсояи Афғонистон ҳоло аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалисозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 МВт идома дошта, мувофиқи нақша дар шашмоҳаи аввали соли 2023 мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабар доданд.
Бояд гуфт, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва кӯшишу заҳматҳои самарабахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки шабакаҳои барқии ҷануб ва шабакаҳои барқии шимоли кишвар тавассути хати интиқоли барқи 500 кВ пайваст гардида, амнияти энергетикӣ таъмин ва дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода шавад. Зимнан, Сарвари давлат борҳо хотиррасон намудаанд, ки дастрасӣ ба энергия дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ дошта, хусусан барои минтақаҳои кӯҳистон ба масъалаи муҳимтарини рӯз табдил ёфтааст.
Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои бузурги неруи обӣ буда, дар ҳолати истифодаи пурраи ин иқтидор ояндаи наздик пурра имкон фароҳам меояд, ки ҳам ба давлатҳои ҳамсоя неруи барқи зиёдтар интиқол дода шуда, ҳам эҳтиёҷоти иқтисодиёти милливу аҳолӣ пурра таъмин ва вазъи молиявии сокинон ба маротиб беҳтар гардад.
Тавре дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар зикр намуданд, бо сохтмону пурра баистифодадиҳии иншооти тақдирсози миллат- Кохи нур ва мароми сарҷамъии миллат – Неругоҳи барқи обии «Роғун» тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳатто дурдасттарин гўшаҳои Ватанамон бо неруи шабонарӯзии барқ таъмин хоҳанд гардид.
Дар баробари ин, барои интиқоли барқ дар мавсими тобистон аз кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон татбиқи лоиҳаи байниминтақавии CASA – 1000 пешбинӣ гардидааст. Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 аз ҷониби ширкати канадагии SNC Lavalin таҳия гардида, бо қарори Шўрои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 моҳи сентябри соли 2011 тасдиқ гардид. Татбиқи ин лоиҳа самти муҳими рушди ҳамкории мо бо кишварҳои Қирғизистон ва Афғонистону Покистон дар соҳаи энергетика ба ҳисоб рафта, пурра амалӣ гардидани ин ҳадаф имконият фароҳам меорад, ки Тоҷикистон баъд аз анҷоми сохтмони иқтидорҳои бузурги энергетикӣ таҳвилу содироти ҳаҷми боз ҳам бештари неруи барқи изофагиро ба ин кишварҳо ва минтақа пайдо намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар даврони соҳибистиклолӣ ба муваффақияти бузург дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла обу энергетика ноил гардид. Барои рушду инкишофи соҳаи энергетика – ҳамчун соҳаи афзалиятноку муҳими иқтисоди кишвар дар ин давра як қатор тадбирҳои муассиру созанда, аз ҷумла навсозиву барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳалли норасоии шадиди неруи барқ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва дар ин замина ноил гардидан ба Истиқлолияти энергетикӣ, корҳои барқарорсозиву сохтмонӣ дар иншооти азими тақдирсоз тибқи талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шуданд.
Бо итминони комил метавон иброз дошт, ки баҳри таъмини бемайлони аҳолии кишвар бо неруи арзону аз лиҳози экологӣ тозаи неруи барқ, афзоиши иқтидорҳо ва ноил гардидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ сохтмону баистифодадиҳии якчанд иншооти бузурги тавлидоти неруи барқ ба роҳ монда шуданд, ки онҳо бо истеҳсоли барқи аз лиҳози экологӣ тоза ба рушди устувори иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд.
Бо дарназардошти омилҳои гуногуни техникию сиёсӣ инфрасохтори энергетикии кишвар куллан тағйир ёфта, маҳз бо татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода шуда, таъмини барқ аз истеҳсолкунандагони дохилӣ пурра ба роҳ монда шавад. Лоиҳаҳои сармоягузории дар ин давра татбиқгардида аслан барои зиёд ё барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ, созмон додани низоми ягонаи энергетикии кишвар, таъмини фаъолияти устувори он ва барои баланд бардоштани имконияти содиротии неруи барқ равона карда шудаанд.
Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об, натиҷаи асосии татбиқи ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ буд, ки то 21 млрд кВт-соат зиёд гардидани истеҳсоли солонаи энергияи барқ ва таъмини аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёти кишвар бо энергияи барқ сурат гирифт.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд






