ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 2 декабр, ҷумъа, 336-умин рӯзи соли 2022 аст
2 декабри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» имзо карданд.
***
6 сол пеш, 2 декабри соли 2016 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои зебо ва қадимию таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таҳти номи рамзии «Салом алейкум, халқҳои ҳамеша дӯсти Туркманистон ва Тоҷикистон!» намоиш баргузор гардид.
2 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ғуломдорӣ.
***
Дар Россия- Рӯзи кормандони бонкдорӣ.
РӮЙДОДҲО:
2 декабри соли 2014 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия машварати коршиносони тоҷику рус оид ба муҳокимаи созишномаҳо дар самти муҳоҷират баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои фарҳанг, рушди соҳаи сайёҳӣ, маориф ва омодасозии кадрҳои санъати тасвирӣ муҳокима шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1977 дар натиҷаи ба садама дучор шудани ҳавопаймои Ту-154 дар наздикии шаҳри Ал-Байдаи Лубнон қариб 60 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
2 декабри соли 2010 дар iPhone мессенҷери Viber кушода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2016 оши палови Тоҷикистон ба феҳристи созмони илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО ворид гардид.
***
Соли 1971 аввалин маротиба дар рӯйи сайёраи Марс дастгоҳи «Марс-3» фуруд омадааст.