ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, чоршанбе, 355-умин рӯзи соли 2022 аст
21 декабри соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввал дар ҷаласаи хосса ва сипас дар ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
***
6 сол пеш, 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанберо, ки то даври финалии Ҷоми КФО – 2015 баромад, дастаи соли Тоҷикистон эълон кард.
21 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Малави – Рӯзи парвариши дарахтон.
РӮЙДОДҲО:
21 декабри соли 2009 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» муҳокима гардид.
***
21 декабри соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Тоҷикистон дар Индекси ҷаҳонии пешрафти иҷтимоӣ (Social Progress Index, SPI) аз 100 холи эҳтимолӣ 58,87 хол касб карда, ҷойи 92-юмро ишғол намуд.
***
5 сол пеш, 21 декабри соли 2017 дар шаҳри Москва 20-солагии Маркази фарҳангии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.
***
21 декабри соли 1901 дар Норвегия ба занон танҳо дар интихоботи маҳаллӣ ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.
***
21 декабри соли 1965 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи байналмилалиро оид ба бартарафсозии ҳамаи намудҳои табъизи нажодӣ қабул намуд.
***
31 сол пеш аз ин, 21 декабри соли 1991 дар шаҳри Алматои Қазоқистон роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Туркманистон, Узбекистон ва Украина Декларатсия оид ба таъсис додани Иттиҳоди давлатҳои мустақилро ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1963 шабакаи асосии телевизиони ҷамъиятии Франсия-«France-2» таъсис дода шуд.
***
21 декабри соли 1899 дар Россия аввалин шумораи рӯзномаи «Огонек» нашр гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1913 дар рӯзномаи «New York World» (ИМА) аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон кроссворд нашр карда шуд.
***
Соли 2012 аввалин маротиба дар таърихи YouTube ва Интернет шумораи тамошо намудани як видеоклип аз як миллиард боло рафт.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






