ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, шанбе, 358-умин рӯзи соли 2022 аст

Декабрь 24, 2022 08:00

24 декабри соли 2015  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳавасмандгардонии варзишгарон ва муаррифии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намудҳои гуногуни варзиш ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистону  Чин-як оила» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

 24 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ливия – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Молдова – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

24 декабри соли 2009 дар шаҳри Ӯш ҷаласаи навбатии дурӯзаи муштараки комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии масъалаи ҳамкории ҳамаҷониба доир шуд.

***

24 декабри соли 2009 дар шаҳри Турсунзода маросими супоридани медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ба дастаи футболи «Регар-ТадАз», ки мақоми дуюм касб намуд, баргузор гардид.

***

10 сол пеш, 24 декабри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Форуми хатмкунандагони мактабҳои олии Россия доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Парлумони Тоҷикистон  Созишнома оид ба минтақаи савдои озодро, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2011 имзо шуда буд, тасдиқ намуд.

***

24 декабри соли 1969  дар Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳи ташаббускор оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 варзишгарони қазоқ дар доираи барномаи «Ҳамдилии олимпӣ» барандаи «Стипендияи Рио-2016» гардиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд намоиши маҳсулоти кишоварзии «Зардолуи Суғд: истеҳсол, коркард ва  амалигардонӣ» баргузор гардид.

Декабрь 24, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, душанбе, 272-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, якшанбе, 271-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, шанбе, 270-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, ҷумъа, 269-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, панҷшанбе, 268-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, чоршанбе, 267-умин рӯзи соли 2025 аст