«ТАШАККУЛИ ИТТИҲОДИ УСТУВОР БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ЯГОНАИ СҲШ». Дар Чин Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Академияи масоили байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Маркази тадқиқоти СҲШ-и Чин таҳти унвони «Ташаккули иттиҳоди устувор ба хотири ояндаи ягонаи СҲШ» Форуми сатҳи баланди Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори форум Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок намуд.
Дар форум Хайриддин Усмонзода дар мавзӯи «СҲШ – дар масири рушди фарогир» сухан ронда, тазаккур дод, ки дар шароити таҳдиду хатарҳои нав ва пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ баргузории форуми СҲШ- гувоҳи зарурати ҷамъбасти дастовардҳо дар охири соли 2022 ва дарёфти роҳи ҳалли мушкилот дар муносибати аъзои созмон мебошад.
«Имсол новобаста аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони бесубот ва муноқишаю нооромиҳо дар минтақаҳои гуногуни сайёра, давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар асоси боварию ҳамкорӣ дар майдонҳои гуногуни байналмилалӣ аз якдигар ҳимоят намуданд»,-изҳор дошт Х.Усмонзода.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин давоми сол чун солҳои пешин ба равандҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон ба таври мусбат таъсир расонида, аз баробарии муносибатҳо бо давлатҳои рӯ ба инкишоф ҷонибдорӣ намуд. Тоҷикистон чунин мавқеъгирии Чинро ҷонибдорӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Мардуми Чин ташаббускори консепсияи ташаккули иттиҳоди ҳамтақдир мебошад, ки имрӯз асоси фаъолияти созмонҳои зиёди минтақавиро ташкил медиҳад. Чунин амалкард дар ҳамкории СҲШ фазои шаффоф, эътимод ва эҳтироми ҳамдигариро тақвият мебахшад.
Натиҷаҳои воқеии консепсияи ҷомеаи ҳамтақдирро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сохтмони роҳҳои ҳозиразамон ва иншооти гуногун бо ҷалби маблағгузории Ҷумҳурии Мардумии Чин, фаъолшавии робитаҳои иқтисодию гуманитарӣ эҳсос намуданд.
Х. Усмонзода иброз дошт, ки бори аввал маҳз дар Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин консепсияи мултилатеризм пешниҳод гардида буд, ки фаҳмиши нави бартарияти ҷаҳонишавиро дар масъалаи дастгирии ҳамаи давлатҳо дар роҳи рушд дар бар мегирад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи бисёрҷонибагароӣ (мултилатеризм) баҳри таъмини амният ва субот дар ҷомеа ва пешрафти иқтисодӣ аҳамияти калон дорад.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд






