«ТАШАККУЛИ ИТТИҲОДИ УСТУВОР БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ЯГОНАИ СҲШ». Дар Чин Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай доир гардид

Декабрь 6, 2022 12:44

ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Академияи масоили байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Маркази тадқиқоти СҲШ-и Чин таҳти унвони «Ташаккули иттиҳоди устувор ба хотири ояндаи ягонаи СҲШ» Форуми сатҳи баланди Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори форум Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок намуд.

Дар форум Хайриддин Усмонзода дар мавзӯи «СҲШ – дар масири рушди фарогир» сухан ронда, тазаккур дод, ки дар шароити таҳдиду хатарҳои нав ва пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ баргузории форуми СҲШ- гувоҳи зарурати ҷамъбасти дастовардҳо дар охири соли 2022 ва дарёфти роҳи ҳалли мушкилот дар муносибати аъзои созмон мебошад.

«Имсол новобаста аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони бесубот ва муноқишаю нооромиҳо дар минтақаҳои гуногуни сайёра, давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар асоси боварию ҳамкорӣ дар майдонҳои гуногуни байналмилалӣ аз якдигар ҳимоят намуданд»,-изҳор дошт Х.Усмонзода.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин давоми сол чун солҳои пешин ба равандҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон ба таври мусбат таъсир расонида, аз баробарии муносибатҳо бо давлатҳои рӯ ба инкишоф ҷонибдорӣ намуд. Тоҷикистон чунин мавқеъгирии Чинро ҷонибдорӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Мардуми Чин ташаббускори консепсияи ташаккули иттиҳоди ҳамтақдир мебошад, ки имрӯз асоси фаъолияти созмонҳои зиёди минтақавиро ташкил медиҳад. Чунин амалкард дар ҳамкории СҲШ фазои шаффоф, эътимод ва эҳтироми ҳамдигариро тақвият мебахшад.

Натиҷаҳои воқеии консепсияи ҷомеаи ҳамтақдирро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сохтмони роҳҳои ҳозиразамон ва иншооти гуногун бо ҷалби маблағгузории Ҷумҳурии Мардумии Чин, фаъолшавии робитаҳои иқтисодию гуманитарӣ эҳсос намуданд.

Х. Усмонзода иброз дошт, ки бори аввал маҳз дар Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин консепсияи мултилатеризм пешниҳод гардида буд, ки фаҳмиши нави бартарияти ҷаҳонишавиро дар масъалаи дастгирии ҳамаи давлатҳо дар роҳи рушд дар бар мегирад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи бисёрҷонибагароӣ (мултилатеризм) баҳри таъмини амният ва субот дар ҷомеа ва пешрафти иқтисодӣ аҳамияти калон дорад.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

Декабрь 6, 2022 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид