«ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ». Ғолибони ин озмун дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 31.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Озмуни «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2022 муайян гардиданд. Дар озмун 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ –мактаби №38 –и ноҳияи Сино, №12-и шаҳри Турсунзода, №7-и шаҳри Хоруғ, №5-и шаҳри Хуҷанд ва муассисаи таълимии №3-и шаҳри Норак беҳтарин дониста шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон қадрдонӣ шуданд, хабар доданд ба АМИТ “Ховар” дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар.
Тибқи талаботи Низомномаи озмун, инчунин беҳтарин омӯзгори фанни биология ва ҳамшираи тиббӣ дар муассисаҳои таълимии зикргардида муайян гардиданд. Дар натиҷа фаъолияти омӯзгори фанни биологияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100-и ноҳияи Шоҳмансур Сабзалӣ Аминов ва ҳамшираи тиббии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Норак Умеда Нуралиева беҳтарин арзёбӣ гардида, бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.
Дар маросими ҷамъбасти озмун муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, муовини роҳбари Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон Равшан Тоҳиров, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд ва ғолибони озмун иштирок намуданд.
Зиёдулло Абдулзода зикр кард, ки бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми мамлакат як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд, ки баргузории озмуни мазкур аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошад.
Озмуни «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» дар байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар се давр гузаронида шуда, даври сеюми он моҳи декабр дар Вазорати маориф ва илми мамлакат ҷамъбаст карда шуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд






