ТОҶИКИСТОН БА БОЗОРИ ҶАҲОН ЗАРДОЛУ МЕБАРОРАД! Мамлакати мо дар минтақа аз ҷиҳати масоҳати ин дарахти мева яке аз ҷойҳои пешқадамро ишғол мекунад
ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба барномаи Созмони озуқа ва кишоварзии «Як кишвар — як маҳсулоти афзалиятнок» (ФАО) шомил мешавад ва зардолуро ба бозори ҷаҳонӣ мебарорад. Дар ин бора корманди ФАО Иброҳим Аҳмадов изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло Тоҷикистон содироти на танҳо зардолуи тару тозаро афзоиш медиҳад, балки аз истеҳсол ва фурӯши меваи хушк ба хориҷа фоидаи бештар ба даст меорад. Дар соли 2021 ҳаҷми содирот ба 20,6 ҳазор тонна расида, дар як сол тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст. Маҳсулоти Тоҷикистон асосан ба Россия, Чехия, Туркия ва Канада содирот шудааст.
Оид ба барномаи «Як кишвар- як маҳсулоти афзалиятнок»
Моҳи сентябри соли 2021 ФАО Амалҳои глобалии рушди сабзи маҳсулоти кишоварзии арзишманд — «Як кишвар — як маҳсулоти афзалиятнок» — ро дар асоси Барномаи қолабии стратегии ФАО барои солҳои 2022-2031 оғоз намуд.
Дар маҷмӯъ 78 кишвар аз панҷ минтақаи ФАО ҳамчун кишварҳои мавриди ҳадафи эҳтимолии лоиҳа муайян карда шуданд, ки ба нақша гирифтаанд 50 маҳсулоти махсуси кишоварзиро дар доираи барномаи соли гузашта аз ҷониби ФАО оғозшуда пешниҳод намоянд.
Маҳсулоти махсуси кишоварзӣ маҳсулоте мебошанд, ки дар сатҳи маҳаллӣ маъруфанд, ба таври васеъ дастрас ё кам истифода мешаванд ва дорои иқтидори пешбурди бозорҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошанд.
«Онҳо зироати саҳроӣ ва боғдорӣ, инчунин маҳсулоти ҷангалӣ ва чорводориро дар бар мегиранд. Чунин маҳсулот хоси минтақаҳои мушаххаси агроэкологӣ буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо нақши муҳим мебозанд ва дорои иқтидори дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ ба пеш баровардани маҳсулот мебошанд», изҳор дошт директори генералии ФАО Тсюй Дунюй.
Давраи аввал, ки интизор меравад моҳи январи соли 2023 оғоз шавад, дархостҳои 78 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад. Марҳилаи дуюм аз моҳи июли соли 2023 оғоз шуда, кишварҳои боқимонда (ва эҳтимол кишварҳои нав)-ро дар бар мегирад ва ба таҷрибаи андӯхташуда дар доираи «Як кишвар — як маҳсулоти афзалиятнок» асос меёбад.
Азиза ДАДАБОЕВА
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд






