Тоҷикистон ва Беларус додани иҷозатнома ба ҳамлу нақли автомобилиро афзоиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Беларус ба мувофиқа расиданд, ки табодули варақаҳои иҷозатномадиҳӣ барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро то соли 2023 вусъат диҳанд. Дар ин бора зимни ҷаласаи комиссияи ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Беларус, ки 29-30 ноябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шуд, иброз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Ҳайати Беларус таҳти сарварии сардори Раёсати нақлиёти автомобилӣ ва мусофирбарии шаҳрии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия Андрей Гладкийро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои рушди дуҷониба иқтидори назаррас дорад.
«Ҳаҷми ҳамлу нақли бор миёни ду кишвар дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 афзоиш ёфтааст. Бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми интиқоли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ ва эҳтиёҷ ба ҳамлу нақли ду кишвар ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки соли 2023 теъдоди иҷозатномаҳо барои ҳамлу нақли муштараки автомобилӣ зиёд карда шавад», — омадааст дар гузориш.
Илова бар ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба рушди минбаъдаи интиқоли байналмилалии автомобилӣ миёни ду кишвар шароит фароҳам оварда шавад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






