Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд

Декабрь 2, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар ҳошияи Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Токио муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон.

Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди муҳокима қарор дода шуда, саҳми Бонки аврупоӣ дар таҳкими бахши молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт ва энергетика дар кишвари мо таъкид гардид.

Дар фарҷоми мулоқот роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба роҳбарияти бонк барои баргузории Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори сипос намуда, изҳори итминон намуд, ки ин ҳамоиш метавонад барои тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ва инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки мутақобилан судманд ҳамчун платформа гардад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот карданд.


Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонк барои ҳамкории пайваста ва судманд сипос гуфта, изҳори итминон намуданд, ки раванди маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон минбаъд низ босамар идома хоҳад ёфт.

Дар рафти мулоқот саҳми бонк дар таҳкими бахши молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ дар кишвари мо таъкид гардид.

Баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, инкишофи бозори молиявӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, алалхусус дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллӣ аз самтҳои дигари ҳамкорӣ арзёбӣ карда шуд.

Ҷалби маблағҳои иловагӣ ҷиҳати татбиқи пурраи лоиҳаҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне “истиқлолияти энергетикӣ”, инчунин, дар шароити тағйирёбии иқлим дастрасии бештар ба “энергияи сабз” ва ташаккули “иқтисоди сабз” зарур шумурда шуд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон/Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст