Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташаббусҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд

Декабрь 19, 2022 15:16

ДУШАНБЕ, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар доираи абзорҳои мухталифи дуҷониба ва минтақавӣ баррасӣ намуда, роҷеъ ба таҳкими минбаъдаи пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амният ва дар чаҳорчӯби ташаббусҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 18 ноябр дар шаҳри Самарқанд нахустин Конфронси ҳамбастагӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: «Дарвозаҳои глобалӣ» барои рушди устувор баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Дар нишасти мазкур масоили марбут ба ҳамбастагии устувор, фароҳам овардани имкониятҳо барои тавсеа ва рушди робитаҳои байниминтақавӣ дар самтҳои рақамикунонӣ, таҳкими масирҳои нақлиётӣ, обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист муҳокима гардид.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидгоҳи кишварро бобати рушди ҳамкории бисёрҷониба ва рушди устувор дар ҳошияи ин абзор баён намуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 19, 2022 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд