Тоҷикистон ва Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар доираи институтҳои байналмилалии молиявӣ мубодилаи афкор намуданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сафири Швейтсария дар Душанбе Давид Грихтинг мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар робита ба 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсария ҷонибҳо барқияҳои табрикии сарони ҳарду кишварро табодул намуданд.
Зимни мулоқот Шараф Шерализода ва Давид Грихтинг роҷеъ ба тавсеа ва рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария дар доираи институтҳои байналмилалии молиявӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария 9 декабри соли 1992 барқарор шуданд.
Ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария дар моҳи январ-феврали соли 2022 1396,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод (содирот- 466,8 ҳазор доллари ИМА ва воридот – 929,4 ҳазор доллари ИМА
Пояи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар дар марҳилаи ташаккул қарор дошта, 13 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






