Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатиро муҳокима карданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12-19 декабр дар шаҳри Гулистон (Ҷумҳурии Узбекистон) вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ пешниҳодҳои тарафҳо оид ба гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Узбекистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни музокирот тарафҳо корҳои анҷомдодаро дар соли 2022 натиҷагирӣ карда, Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа намуданд.
Дар поёни нишаст Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.
АКС аз бойгонӣ








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






