«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар Душанбе барои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ иқдом карда шуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд» дар ҳудуди дарёи «Душанбе» ба маъракаи «Тозагии соҳил» иқдом карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад.
Ҳангоми тоза намудани соҳили дарё иштирокчиён бо дастпӯшаку ниқобҳо ва халтаҳои махсус барои ҷамъоварии партовҳо таъмин гаштанд. Дар натиҷа 13 халта пур аз партов гардида, ба воситаи нақлиёти боркаш ба партовгоҳи минтақавӣ интиқол дода шуданд.
Ҷалби ҷавонону наврасон ба чунин маъракаҳои экологӣ ба хотири баланд бардоштани маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрнишинии онҳо буда, ба ин восита шаҳри Душанбе –пойтахти Тоҷикистон тозаву зеботар мегардад.
Ҳадаф аз баргузории чунин ташаббус, пеш аз ҳама, тоза намудани ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузари шаҳри Душанбе, соҳилҳои дарёву каналҳоест, ки аз ҳудуди ноҳияҳо ва шаҳраку маҳаллаҳо мегузаранд. Ииштироки фаъолонаи ризокон далели бевоситаи таваҷҷуҳи онҳо ба масъалаи тозагии муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ мебошад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






