Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои нақлиётӣ — экспедитсионӣ (логистикӣ) мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбе, 7 декабр Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои нақлиётӣ — экспедитсионӣ (логистикӣ) вохӯрӣ доир намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа масъалаҳои зайл мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
— муҳокимаи пешниҳодоти манзурнамудаи ширкатҳои нақлиётӣ-экспедитсионӣ (логистикӣ);
— мушкилоту имконоти мавҷудаи логистикаи нақлиётӣ, дурнамои нақшаҳои рушди он дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои нақлиётӣ-экспедитсионӣ (логистикӣ);
— пешниҳод ва баррасии лоиҳаи “Сохтори низоми логистикаи нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Азим Иброҳим ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ширкатҳои нақлиётӣ-экспедитсионӣ барои тамос ва фавран андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ рақами телефони боварӣ эълон намуд. Таъкид гардид, ки ширкатҳои нақлиётӣ метавонанд дар давоми 24 соат аз рақами ахборотии 2211439 ва 2222277 истифода намоянд.
Инчунин, таъкид гардид, ки барои боз ҳам зич ва беҳтар намудани ҳамкорӣ бо МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” — мақоми ваколатдори вазорат дар соҳаи логистика аз платформаи logistics.tj — и ин муассиса ва ҳамчунин сомонаи расмии Вазорати нақлиёт mintrans.tj маълумоти бештарро дастрас намоянд.
АКС: Вазорати нақлиёти ҶТ








Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст






