Вазири нави корҳои хориҷии Беларус таъйин шуд

Декабрь 14, 2022 12:48

ДУШАНБЕ, 14.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Беларус Александр Лукашенко Вазири нави корҳои хориҷии ин кишварро таъйин намуд. «Сергей Алейник, ки то имрӯз ба ҳайси муовини якуми вазири корҳои хориҷии Беларус фаъолият мекард, вазири корҳои хориҷӣ таъйин гардид», — хабар дод 13 декабр агентии давлатии иттилоотии БелТА.

Арбоби давлатӣ ва дипломати Беларус Сергей Алейник 28 январи соли 1965 дар Минск таваллуд шудааст.

Соли 1986 Донишкадаи давлатии омӯзгории забонҳои хориҷии Минскро бо ихтисоси забонҳои олмонию англисӣ ва баъдан Академияи дипломатиро дар Вена бо ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ хатм кардааст.

Соли 1992 ба хизмати дипломатӣ пазируфта шуда, консули Консулгарии генералии Беларус дар Гаага (Подшоҳии Нидерланд) гардид.

Сергей Алейник инчунин роҳбарии Хадамоти протоколи Вазорати корҳои хориҷии Беларусро бар дӯш дошт. Ӯ забонҳои олмонӣ ва англисиро медонад.

АКС: АИ «БелТА»

Декабрь 14, 2022 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»