Вазири нави корҳои хориҷии Беларус таъйин шуд

Декабрь 14, 2022 12:48

ДУШАНБЕ, 14.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Беларус Александр Лукашенко Вазири нави корҳои хориҷии ин кишварро таъйин намуд. «Сергей Алейник, ки то имрӯз ба ҳайси муовини якуми вазири корҳои хориҷии Беларус фаъолият мекард, вазири корҳои хориҷӣ таъйин гардид», — хабар дод 13 декабр агентии давлатии иттилоотии БелТА.

Арбоби давлатӣ ва дипломати Беларус Сергей Алейник 28 январи соли 1965 дар Минск таваллуд шудааст.

Соли 1986 Донишкадаи давлатии омӯзгории забонҳои хориҷии Минскро бо ихтисоси забонҳои олмонию англисӣ ва баъдан Академияи дипломатиро дар Вена бо ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ хатм кардааст.

Соли 1992 ба хизмати дипломатӣ пазируфта шуда, консули Консулгарии генералии Беларус дар Гаага (Подшоҳии Нидерланд) гардид.

Сергей Алейник инчунин роҳбарии Хадамоти протоколи Вазорати корҳои хориҷии Беларусро бар дӯш дошт. Ӯ забонҳои олмонӣ ва англисиро медонад.

АКС: АИ «БелТА»

Декабрь 14, 2022 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ оғоз шуд
Фаррух Шарифзода дар Форуми дипломатии Анталия иштирок намуд
Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси иҷлосияи 60-уми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд интихоб шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Миср мулоқот намуд
Дар Москва вохӯрии нуҳуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои Вазири корҳои хориҷии ИДМ иштирок намуд
Дар Миср маҷаллаи «Тоҷикистон ва пиряхҳо» ба забони арабӣ ва англисӣ ба нашр расид
Азамшо Шарифӣ: «Дипломатияи «сабз» дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Женева таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои муосири инсон» ҳамоиш доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Сеул нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд