Заминҳои бекорхобидаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъа ба кор андохта шуданд
ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо зиёда аз 30 гектар ришқазор дар ноҳияи Рӯшон ва 2 гектар дар ноҳияи Роштқалъа шудгор гардида, дар мавсими кишту кори баҳории соли 2023 дар ин заминҳо кишти сабзавоту картошка ба нақша гирифта шудааст.
Кишоварзони ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эътимод доранд, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз заминҳои шудгоршуда ҳосили баланди сабзавот рӯёнида мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самараноку оқилона истифода бурдани ҳар ваҷаб замин, гузаронидани кишти такрорӣ дар доираи имконият, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва рӯёнидани ҳосили баланди зироат дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа заминҳои бекорхобида ба кор андохта мешаванд.
Бо супориши Раиси вилоят Алишер Мирзонабот гурӯҳи кории комплекси агросаноатии вилоят таҳти роҳбарии муовини Раиси вилоят Умедҷон Носирзода таъсис дода шуда, ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни киштгардон кардани заминҳои солҳои зиёд зери ришқамонда ба ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа ва Шуғнону Ишкошим сафарбар гардид. Тибқи хулосаи гурӯҳи корӣ, заминҳои таъйиноти кишоварзӣ барои гузаронидани шудгори тирамоҳӣ дар ноҳияҳои Рӯшон зиёда аз 40 гектар, Шуғнон- 20 га, Роштқалъа- 2 ва дар Ишкошим 5 гектарро ташкил медиҳанд.
Барои шудгор кардани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» техникаю олоти шудгоркунанда ва аз ҷониби Раиси ВМКБ 1 тонна сӯзишвории дизелӣ кумак расонида шуд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, дар замони истиқлолият маданияти истифода бурдани замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки ин барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд.
«Ин нишондиҳанда аз саҳми бузурги кишоварзони мамлакат дар раванди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, махсусан дар шароити ду соли охир пайиҳам омадани хушксоливу камобӣ гувоҳӣ медиҳад. Маҳз ба шарофати заҳмати онҳо фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин гардид ва мардуми мо аз ҷиҳати таъминот бо маводи озуқа танқисӣ накашиданд. Бинобар ин, ба ҳамаи кишоварзони мамлакат барои заҳмати софдилонаашон сипосу миннатдорӣ баён менамоям»,- иброз намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ тариқи додани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ баҳри рушди соҳа ба он мусоидат намуд, ки рӯз аз рӯз дар миқёси ҷумҳурӣ ташкили корхонаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ ба назар мерасад.
Истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ҳамчун омили муҳими таъмини амнияти озуқавории мамлакат манбаи асосии таъмин кардани корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва самти афзалиятноки афзоиш додани иқтидори содиротии мамлакат буда, муҳимтар аз ҳама, заминаи аввалиндараҷаи ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ мебошад.
АКС: Рӯзномаи «Бадахшон








ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд






