2023 — СОЛИ ХАРГӮШ. Дар Тоҷикистон Барномаи рушди харгӯшпарварӣ амалӣ мешавад

Январь 3, 2023 12:39

ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2023 — соли ором ва созгор мешавад, зеро мувофиқи тақвими шарқӣ рамзи он харгӯш — ҳайвони нарм, рафоқатпарвар ва меҳрубон аст. Дар Чин боварӣ доранд, ки соли меомада серҳосилӣ ва шукуфоиро ваъда медиҳад. Одамони дар ин сол таваллудшуда серталаб, муваффақ ва хеле масъулиятнок мешаванд.

Соли харгӯш дар даври 12-солаи тақвими чинӣ ҷои чорумро ишғол мекунад ва дар тақвими шарқӣ хушбахттарин сол ҳисобида мешавад.

Тақвими чинӣ ба тақвими қамарӣ алоқаманд аст, аз ин рӯ Соли нав дар Чин назар ба Аврупо дертар таҷлил мешавад. Он дар нимаи шаб, дар рӯзи дуюми моҳи нав пас аз Офтоби зимистон рух медиҳад ва ҳамеша миёни 21 январ ва 20 феврал ба амал меояд. Тибқи тақвими  шарқӣ, соли харгӯши обии сиёҳ 22 январи соли 2023 оғоз шуда, 9 феврали соли 2024 ба охир мерасад.

Соли харгӯш дар Тоҷикистон соли муваффақият ва бурдборӣ ҳисобида мешавад. Аввалан, дар соли харгӯш шахсиятҳои зиёди номдор ба дунё омадаанд, аз ҷумла собиқ Сарвазири Тоҷикистон Акбар Мирзоев (1939), собиқ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Худобердӣ Холиқназаров, (1951), собиқ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов (1951), футболбозон Рашид Раҳимов ва Олег Ширинбеков (1963) ва бисёр дигарон.

Инчунин соли 1927, дар соли харгӯш нависанда ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бо таълифи аввалин романи худ ба забони тоҷикӣ «Дохунда» ба адабиёти нави тоҷик такон бахшид. Ва соли 1951 дар соли харгӯш устод Айнӣ аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди харгӯшпарвариро барои солҳои 2022-2026» қабул ва амалӣ намуд. «Барномаи рушди саноати харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» (минбаъд – Барнома) бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи харгӯшпарварӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши истеҳсоли гӯшти парҳезӣ ва пӯсти гаронбаҳои харгӯш равона гардидааст.

Саноати харгӯшпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади хоҷагии деҳқонӣ буда, рушди он ба таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ ва таъмини саноат бо пӯсти он мусоидат мекунад.

Дар мамлакатҳои мутараққӣ гӯшти харгӯш бештар аз нисфи ғизои гӯштро ташкил медиҳад ва пашми харгӯш дар шакли аввала ё рангкардашуда дар саноат васеъ истифода мешавад. Хусусан либосе, ки аз пашми харгӯш омода мешавад, назар ба пашми гӯсфанд чандин баробар гармтар ва сабуктар аст.

Инчунин талабот ба мӯйи харгӯш сол то сол меафзояд ва аз пӯсти харгӯш барои истеҳсоли либосу пойафзоли нассоҷӣ истифода мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, то солҳои 90-уми асри гузашта дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 100 ҳазор сар, аз ҷумла дар вилояти Суғд 40 ҳазор сар, дар вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 60 ҳазор сар харгӯш парвариш карда мешуд. Дар ҷумҳурӣ асосан зоти харгӯшхҳои гиганти сафед парвариш карда мешуданд. Ин яке аз зотҳои сермаҳсул буда, дар як зоиш то 8 насл медиҳад ва босуръат афзоиш меёбад.

Бояд гуфт, ки дар солҳои 1992-2006 соҳаи мазкур ва саршумори харгӯшҳо коҳиш ёфт. Аммо солҳои охир аҳолӣ боз ба ин соҳа эътибор дод, ки дар натиҷа саршумори харгӯшхо сол то сол зиёд мешавад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар тамоми категорияҳои хоҷагидорӣ дар соли 2016 68500 сар, соли 2017 70400 сар, соли 2018 72500 сар, соли 2019 70400 сар ва соли 2020 77000 сар харгӯш парвариш карда шудааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 3, 2023 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд