ҲАДАФ — ЭМИНИИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ ДАР ФАСЛИ САРМО. Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Хатлон корҳои биотехникӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти сардии ҳаво, барфпӯш будани рӯи замин ва мушкил гардидани дарёфти ғизо барои ҳайвонону парандагон аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист шаҳри Бохтар корҳои биотехникӣ анҷом дода шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши матбуоти Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр тавассути роҳандозӣ намудани чунин тадбирҳои амалӣ дар мавзеъҳои муайяни теппаи таърихии маркази вилоят донагӣ пошиданд.
Ин иқдом имкон медиҳад, ки дар рӯзҳои сарди фасли зимистон парандагон каме ҳам бошад хӯрокӣ пайдо намуда, аз талафёбӣ эмин монанд.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр Шамсиддин Халилзода, ҳамасола дар мавсими сардиҳо корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд. Бояд дар анҷом додани ин кор сокинон низ масъулият нишон дода, барои ҳифзи ҳайвоноту парандагон саҳм гузоранд.
Иқдоми мазкур минбаъд ҳам роҳандозӣ мегардад.

Ҳамзамон аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бинобар сардии ҳаво барои ҳайвонону парандагон дар ҷойҳои муайн корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд. Масъулони соҳа ба миқдори зарурӣ барои ҳифзи парандагону ҳайвонот дон пошиданд.
Инчунин 18 январ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Левакант ҷиҳати сардии ҳаво барои ҳайвонону парандагон дар ҷойҳои муайни шаҳр корҳои биотехникӣ анҷом дода шуда, дону хӯрокӣ гузошта шуданд.
Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Левакант Шоҳрух Самадзода иброз дошт, ки дар рӯзҳои сарди зимистон чунин корҳои биотехникӣ аз ҷониби онҳо пайваста гузаронида мешаванд.
Дар ноҳияи Ёвон низ ҷиҳати ҳифзи олами набототу ҳайвонот дар ин фасли сард корҳои биотехникии пошидани дон анҷом дода шуданд.
АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти в. Хатлон










ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1185 нафар занон беш аз 29 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






