Агентии беҳдошти замин ва обрасонӣ: «Шабакаҳои обрасони Тоҷикистон ба мавсими имсола пурра омодаанд»
ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 апрел то 1 октябри соли 2023 дар ҷумҳурӣ мавсими обрасонӣ оғоз мегардад. Шабакаҳои обрасони мамлакат барои таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ бо об ва хизматрасонӣ пурра омода мебошанд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода иброз дошт.
Ба гуфти мавсуф, вазифаҳои асосии Агентӣ дар соли равон аз худ кардани 1547 гектар замини нав, барқарорсозии 480 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳои корами обӣ дар майдони 9527 гектар ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 29 660 метр бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об, эмин нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ мебошанд
Гуфта шуд, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 362 адад ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) фаъолият менамоянд, ки ба 440 ҳазор гектар ё тақрибан 57,5 фоизи заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд.
«Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади устувор намудани фаъолияти АИО корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад»,- гуфт Зафарбек Давлатзода.
Ҳамчунин дар нишаст иброз гардид, ки дар доираи Барномаи давлатии «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии 9695 гектар заминҳои обӣ ба нақша гирифта шуда буд. Давоми 4 сол дар доираи барномаи мазкур дар ҷумҳурӣ дар майдони 39 239 гектар ё ин ки 81 фоизи нақша ба маблағи 35714 ҳазор сомонӣ ё ин ки 70 фоизи нақша ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳо беҳтар карда шудааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






